(ABNA24.com) Ба гузориши АКИpress, яке аз коркунони пизишкии Беморхонаи марказии вилоятии шаҳри Бохтар
ба иллати ибтило ба ташхиси сили иртишоҳӣ (инфильтративный туберкулёз) -и қисми мобайнии ҳарду шушҳо, гипертерофияи меъдачаи чапи дил, атеросклерози шоҳраг фавтид.
Ин бемористоне аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз бозгашт аз хориҷ аз кишвар қарантина мешаванд.
Вазорати беҳдошти Тоҷикистон эълом кард, ин зан 58 сола дар муҳавватаи маҳалли қарантина кор мекард ва иллати марги ӯ, ибтило ба сил будааст.
Аз аввали феврал то 13 апрел ҳудуди 7560 шаҳрванд Тоҷикистон пас аз бозгашт аз хориҷ дар бемористонҳои ин кишвар қарантина шуданд.
Аз 13 апрел ҳудуди 5724 шаҳрванд аз қарантина мураххас шуданд ва 1836 нафар ҳанӯз дар марокизи қарантина нигаҳдорӣ мешаванд.
342/